Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Афина 120 эътирозгарро боздошт кард


Полиси шаҳри Афина ба хотири парокандасозии издиҳоми тазоҳургарон, ки алайҳи нақшаи ҳукумати Юнон барои сарфаи буҷа эътироз мекарданд, аз гази ашковар истифода бурд. Беш аз 120 нафар боздошт шуданд.

Эътирозгарон, ки дар канори бинои парлумони Юнон ҷамъ омада буданд, сӯи полис санг ва шишаҳо бо маводи сӯзанда меандохтанд.

Аз субҳи чаҳоршанбе дар Юнон коршикании умумии 24-соата идома дорад. Дар Афина раҳпаймоии эътирозӣ баргузор шуд, ки дар он аз 50 то 100 ҳазор нафар ширкат доштанд.

Бар пояи созиш бо Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул, Юнон бояд то соли 2015 хароҷоти буҷаро 11,5 миллиард евро коҳиш диҳад. Дар акси ҳол ба дарёфти бахши навбатии қарз ба маблағи 31,5 миллиард евро муваффақ нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG