Пайвандҳои дастрасӣ

Мурсӣ ба дахолати низомӣ ба умури Сурия мухолиф аст


Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ дар Ню-Йорк, аз пешниҳоди ҳалли бӯҳрони Сурия тавассути дахолати низомии хориҷӣ интиқод кард. Ӯ изҳор намуд, ки Миср барои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурия ҳама талошашро ба харҷ медиҳад. Муҳаммад Мурӣ бори нахустин ҳамчун раҳбари Миср дар Маҷмааи умумии СММ суханронӣ кард.

Як моҳ пеш дар нишасти сарони Ҷунбиши адами тааҳҳуд Муҳаммад Мурсӣ ошӯби Сурияро “инқилоб алайҳи режими золим” арзёбӣ карда буд. Ин изҳорот боиси вокуниши манфии ҳукумати Башор Асад шуда буд.
XS
SM
MD
LG