Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои Аҳмадинажод баҳси доғеро доман зад


Ҳазорон нафар мехоҳанд, бишнаванд, ки оё Аҳмаднажод "г.. хӯрданд" гуфт ё на.

Як ибораи раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бино бар хабарҳо унвонии вакилони маҷлиси кишвараш садо додааст, навори видеоиро дар чанд соат ба пурбинандатарин видеоҳои интернет табдил дод, баҳси доғеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ангехт ва посухҳои шадидлаҳнеро дар Теҳрон ба миён овард.

Дар ин навор дида мешавад, ки хабарнигори Бахши форсии Би-би-сӣ Баҳмани Калбосӣ ҳангоми вориди бинои Созмони Милал шудани Аҳмаднажод аз ӯ дар бораи шумораи аъзои ҳайати Эрон барои ширкат дар Маҷмаи умумӣ суол кард. Ончӣ дар посух шунида мешавад, ибораест, ки ғавғоеро бапо кардааст. Муколамаи сарироҳӣ ин гуна сурат гирифтааст:

Баҳмани Калбосӣ: “Оқои Аҳмадминажод, чаро барои 160 нафар визо гирифтед, дар маҷлиси Эрон пурсиданд. Ин ҳама одам ин ҷо чӣ кор мекунанд?”

Аҳмаднажод: “Г.. хӯрданд.”

Ин ягона иборае буд, ки аз забони раисиҷумҳури Эрон садо дод ва ҳоло телевизионҳои Эрон мегӯянд, Аҳмаднажод гуфтааст: “Уҳ-уҳ, ҷиддӣ?” Хабаргузории нимадавлатии “Форс” дар изҳороте ибораи беодобона ба забон овардани Аҳмаднажодро рад кард ва видоеро “хандаовар” номид.



Дар они воҳид навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба вуҷуд овард, ки дар воқеъ Аҳмаднажод чӣ гуфтааст. Бархе бар инанд, ки садо хеле тағйирхӯрда аст, вале дигарон мегӯянд, он рӯшан садо медиҳад ва “г.. хӯрданд” аст. Баъзеҳо мегӯянд, аз рӯйи садо садои дигар гузошта шудааст. Наворҳои иловагие низ нашр шуданд, ки дар онҳо Аҳмадинажод ба гунае ҳарф мезанад, ки фаҳмидани он номумкин аст.

Худи хабарнигори Би-би-сӣ ҳам мутмаин нест, ки Аҳмадинажод дақиқан чӣ гуфт.

Раиси порлумони Эрон, Алии Лориҷонӣ, тамоми қиссаро беҳуда номид ва гуфт, “мо набояд ба чунин найранг фурӯ афтем.” Дар ин байн Би-би-сӣ зери зарба монд, ки “бо чунин роҳҳои ғайрикасбӣ ва зидди ахлоқ” мехоҳад миёни шохаҳои қудрат дар Эрон ихтилоф ва дар кишвар нооромӣ ба роҳ андозад.

Вале тарафдорони маҷлис кайҳо ба таҳқири Аҳмадинажод пардохта, он ибораро дар муқобили худи ӯ истифода мекунанд ва тарафдорони Аҳмадинажод аз раисиҷумҳур дифоъ менамоянд. Ҳамзамон бузургии ҳайате, ки Аҳмадинажодро дар ин сафар ҳамроҳӣ кардааст ва харҷи азим аз буҷаи давлат мавриди танқид қарор мегирад. Яке аз вакилони маҷлиси Эрон, Мансури Ҳақиқатпур гуфтааст, бисёре аз ҳамсафарони Аҳмадинажод ба Ню Йорк барои харид ва истироҳат мераванд.

Рӯзи чаҳоршанбе Аҳмадинажод аз минбари 67-умин Маҷмаи кулли СММ кишварҳои ғарбиро бо “таҳдиди ҳастаӣ” муттаҳам кард ва гуфт: “Мусобиқаи таслиҳотӣ ва таҳдид бо аслиҳаи атомӣ ва куштори ҷамъӣ тавассути қудратҳои мусаллат амри роиҷ аст. Озмоиши таслиҳоти ба маротиб мухаррибтар ва модерн ва таҳдиди аланӣ ба доштани он ва додани ваъдаи ошкор кардани он дар вақти лозима ба адабиёти тозае барои холӣ кардани дили миллатҳо барои пазириши давраи ҷадиди султа бадал шудааст.”

Президенти Эрон таҳдидҳои Исроил дар бораи эҳтимоли ҳамла болои коргоҳҳои ҳастаии Эронро ҳамчун намуна ёдоварӣ кард. Ин охирин суханронии президент Аҳмадинажод буд, зеро соли оянда даври дуюми раёсатҷумҳурии ӯ ба охир мерасад.

Ба нишони эътироз ҳайатҳои ИМА ва Исроил ҳангоми суханронии Аҳмадинажод толори СММ-ро тарк карданд.
Эрон таҳти фишори байналмилалӣ қарор дорад, то бахшҳои ҳассоси барномаи ҳастаияшро ошкор кунад. Кишварҳои ғарбӣ хавф доранд, ки мақомоти Теҳрон пинҳонӣ дар пайи тавлиди силоҳи атомӣ мебошанд. Эрон ин айбномаҳоро комилан беасос меномад. Дар ҳамин ҳол тахмину овозаҳо зиёданд, ки Исроил метавонад коргоҳҳои ҳастаии Теҳронро, ки дар зери замин қарор доранд, мавриди ҳамлаи низомӣ қарор диҳад.

Рӯзи сешанбе дар рӯзи ифтитоҳи Маҷмаи кулли СММ президенти ИМА Барак обама аз минбари СММ гуфт, барои ҳалли дипломатии бӯҳрони марбут бо барномаи ҳастаии Эрон “вақт бемаҳдудият нест”. Президенти ИМА афзуд, кишвараш ҳаққи ҳар мамлакат ба истифодаи осоиштаи нерӯи ҳастаиро эҳтиром мекунад, вале Эрони дорои силоҳи ҳастаӣ маҳви Исроилро таҳдид намуда, ба амнияти кишварҳои Халиҷ ва иқтисоди ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад.
XS
SM
MD
LG