Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод аз минбари СММ Ғарбро айбдор кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз дар суханрониаш дар Маҷмаъи умумии СММ Ғарбро ба «тарсдиҳӣ» дар баҳси ҳастаияш бо Теҳрон айбдор кард. Ин охирин маърӯзаи Аҳмадинажод дар СММ буд, чунки соли оянда давраи ниҳоии раёсати ӯ ба поён мерасад. Дирӯз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба СММ гуфт, фурсати ҳалли дипломатии баҳси ҳастаии Эрон «бепоён нест.» Обама гуфт, Амрико ба ҳаққи кишварҳо ба тавлиди барқи ҳастаӣ эҳтиром қоил ҳаст, вале Эрони соҳиби силоҳи ҳастаӣ «ба вуҷуди Исроил, амнияти кишварҳои халиҷи Форс ва суботи иқтисоди ҷаҳонӣ таҳдид хоҳад кард.»
XS
SM
MD
LG