Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия қотилони Шаъбонро шикор хоҳад кард


Мақомоти Либия аҳд супурдаанд, қотилони мардеро, ки ба боздошти Муаммар Қаззофӣ мусоидат карда буд, таъқиб хоҳанд кард. Хабаргузории ЛАНА мегӯяд, Кунгураи миллии Либия ба мақомоти интизомӣ барои боздошти омилони рабудан ва шиканҷаи Умрон Шаъбон 10 рӯз фурсат додааст. Шаъбони 22-сола, ки бино ба хабарҳо, пинҳонгоҳи Қаззофӣ дар дохили лӯлае дар зодгоҳаш –Сиртро ифшо карда буд, дирӯз дар Порис даргузашт. Бовар меравад, ки ӯро дар моҳи июл тарафдорони Қаззофӣ рабуда, баъд аз шиканҷа аз сутунмӯҳрааш паррондаанд. Ӯ ҳафтае пеш бо миёнҷигии раҳбари муваққати Либия Муҳаммад Мақориф раҳо шуда, барои табобат ба Фаронса рафта. Дар маросими дафни Умрон Шаъбон дар зодгоҳаш –Мисрота – ҳудуди 10 000 нафар гирди ҳам омад.
XS
SM
MD
LG