Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии пулис бо тазоҳургарон дар Афина


Пулиси Юнон дар Афина алайҳи тазоҳургароне, ки сангу коктейлҳои Молотов меандохтанд, аз гази ашковар кор бурдааст. Имрӯз ҳудуди 50 000 нафар ба нишони эътироз ба силсилаи ахири коҳиши масрафоти давлатӣ ба сӯи парлумони Юнон раҳпаймоӣ карданд. Дар Юнон бо даъвати ду иттифоқи бузурги касаба корпартоии 24-соата идома дорад. Коҳиши бештари хароҷот як шарти ироаи бастаи навбатии кумакҳои молии ИА ва Сандуқи байналмилалии пул ба Юнон аст. Юнон аз моҳи майи соли 2010 барои раҳоӣ аз варшикастагӣ ва рафъи буҳрони қарзҳояш, ки ба суботи евро таҳдид мекунад, алакай 230 миллиард евро кумаки молӣ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG