Пайвандҳои дастрасӣ

12 нафарро дар Алатау исломиҳо кушта будаанд?


Панайот Захаропуло ва ҳамсараш, ки низ кушта шуд

Панайот Захаропуло ва ҳамсараш, ки низ кушта шуд

Мақомоти Қазоқистон ду исломгарои тундравро бо гумони даст доштан дар қатли 12 нафар дар Боғи миллӣ дар наздикии Алма-Ато таҳти таъқиб қарор додаанд. Баёнияи расмӣ мегӯяд, ин ду гумонбар мусаллаҳ буда, қасди ташкили ҳамла алайҳи маъмурони интизомиро дар сар доранд. Аҷсоди 12 зану мард, ки 6 танаш сӯхта буд, бо шумули сарҷангалбон Панайот Захаропуло ва пайвандону зердастони ӯ аз боғи Алатау ёфт шуд.
XS
SM
MD
LG