Пайвандҳои дастрасӣ

2 миллион $ барои ташвиқи занон ба раванди сулҳ


Талошҳои СММ барои ҷалби занон ба ҳалли низоъҳо ҳимояти қавии молӣ пайдо кард. Пажӯҳишгоҳи амнияти фарогир, як созмони ғайридавлатии Амрико, эълон кард, ки барои ташвиқи занон барои ширкат дар талошҳои сулҳ ҳар сол 2 миллион доллар ҷудо хоҳад кард. Раҳбари ин пажӯҳишгоҳи мақараш дар Бостон сафири собиқ Сванӣ Ҳант ин иқдомро дар нишасти Ибтикори ҷаҳонии Клинтон, ки бо ташаббуси раисиҷумҳури пешини Амрико Билл Клинтон даъват шудааст, эълон кард. Қатъномаи СММ аз соли 2000 ба ҷалби занон ба мақомҳои тасмимгир дар тамоми сутуҳи мусолиҳа даъват мекунад.
XS
SM
MD
LG