Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Пресс-ТВ дар Димишқ кушта шуд


Моя Носир
Моя Носир
Эрон мегӯяд, хабарнигори шабакаи англисизабони Пресс-ТВ-и Эрон Моя Носир имрӯз аз тири снайпер дар Димишқ ҷон бохта, раҳбари дафтари Пресс-ТВ ва шабакаи арабизабони Ал-Алами Эрон Ҳусейн Муртазо захмӣ шудааст. Ин ҳодиса дар пайи ду таркиши сангини бомб дар назди қароргоҳҳои ситоди кулли артиши Сурия дар Димишқ рух додааст. Мақомоти Сурия мегӯянд, дар ин таркишҳо дар майдони марказии Умайя касе осеб надид. Масъулияти бомбгузориҳои Димишқро Артиши ҳуррияти Сурия, як гурӯҳи умдаи чирикиҳои зидди режими Башор Асад бар ӯҳда гирифт. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, таркишҳо дар фосилаи 15 дақиқа дар ҳамагӣ чандсадметрии қароргоҳҳои низомӣ рух дод. Димишқ босуръат ба яке аз сангарҳои низоъи 19-моҳаи Сурия табдил мешавад.
XS
SM
MD
LG