Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси кумитаи ислоҳи қонуни интихобот


Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Намояндагони аҳзоби мухолиф ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон кумитаи тадорукоти ислоҳи қонуни интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро таъсис додаанд. Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи аввал низомномаи ин кумита баррасӣ шуд. Намояндагони аҳзоби мухолиф қаблан чанд дафъа талош карданд, то нишасти кумитаро дар ягон толори расмӣ доир кунанд, вале иҷозат гирифта натавонистанд. Қарор аст, интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 баргузор шавад. Дар интихоботи соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон бо 4 номзади дигар, ки мухолифин «кисагӣ»-ашон мехонданд, вориди рақобат шуда буд.
XS
SM
MD
LG