Пайвандҳои дастрасӣ

Пайвандони адиби маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов мегӯянд, дастнависи як романи то ҳол номаълуми ӯро пайдо кардаанд.

Ширин Айтматова, духтари адиб гуфт, ки ин дастнависро модараш аз байни қоғазҳои дигар пайдо кардааст ва он ғолибан хеле пеш навишта шуда, рангаш бо гузашти айём хеле зард ҳам шудааст.

“Бунёди Айтматов ва модари ман феълан ба таҳқиқи бойгонии ӯ машғуланд. Асноди зиёде ҷамъ шудааст, ки бояд пажӯҳиш шаванд. Ва аз миёни ҳамин қоғазҳо ин дастнависи то ҳол номаълум пайдо шуд. Ман ҳам онро хондам. Ба назари ман ин асар хеле қавӣ ва як намунаи хеле хуби услуби Айтматов менамояд. Роман бо забони русист ва ғолибан дар поёни солҳои 70 навишта шудааст. Он “Замин ва най” ном дорад ва барои насли мо онро метавон романи таърихӣ номид. “Замин ва най” дар бораи сохтмони Канали бузурги Чуй ҳикоят мекунад, вале достони ишқӣ ва ҳам, чун ҳамеша, тавре ки холси қалами Чингиз Айтматов аст, андешарониҳои зиёди фалсафиро дар бар мегирад.”

Сохтмони Канали бузурги Чуй ба хотири таъмини обёрии водии Чуй соли 1941, дар даврони Ҷанги бузурги ватанӣ шурӯъ шуда буд. Канали Чуй аз манотиқе мегузарад, ки як замон бахше аз Роҳи бузурги Абрешим буд ва сохтмонаш кашфи ёдгориҳои нодири бостониро ба ҳамроҳ дошт. Қаҳрамони асосии асар як коргар аст, ҳангоми сохтани Канали бузурги Чуй муҷассамаи Буддоро пайдо карда буд.

Ширин Айтматова мегӯяд, роман бо як лаҳни хеле пурэҳсос навишта шуда, Чингиз Айтматов ба далоиле, шояд ба маҳзи дархӯри замон набудани мӯҳтавои асар аз нашри “Замин ва най” худдорӣ карда буд. Вале ба гуфтаи духтари адиб, роман интиқоде аз низоми Шӯравӣ надорад ва худдории падараш аз нашри “Замин ва най” шояд бештар ба инъикоси хеле ошкори саҳнаҳои ишқӣ рабт доштааст.
Пайвандони адиб акнун мехоҳанд ин романи тақрибан омодаро ба забонҳои русиву англисӣ ба нашр расонанд.

Ширин Айтматова гуфт, аз бойгониии Чингиз Айтматов дастнависи чанд асари дигари ӯро ҳам пайдо кардаанд: “Боз як повест ёфт шуд, ки тамомшуда аст. Ман онро ҳанӯз нахондаам. Вале падарам пештар мегуфт, ки чунин як асаре дорад бо номи “Дидор бо бародар”. Вале бештари чизҳои ёфтшуда нотамоманд. Ҳатто як романи нотамом мондааст аз падарам бо номи “Барф ва тило” дар бораи заршӯёни қирғиз ва ин роман он сарнавиштеро, ки баъдҳо ба сари кони тилои Қумтӯрро омад, тақрибан пешгӯӣ кардааст. Вале бештари дастнависҳои ёфтшуда аз бойгонии Айтматов нотамоманд ё дар шакли мусаввадаҳову сиёҳнавис.”

Чингиз Айтматов, аз хушномтарин адибони Осиёи Марказӣ дар адабиёти шӯравӣ, соли 1928 ба дунё омада, 10 июни соли 2008 дар синни 79 аз олам чашм пӯшид. Ҷолиб ин аст, ки Айтматов дар ҷавонӣ дар Пажӯҳишгоҳи чорводории Қирғизистон кор мекард. Нахустин асаре, ки барояш шӯҳрат овард, “Ҷамила” буд. Баъдан Айтматов роману повестҳои “Киштии сафед”, “Дуроҳаи бӯронӣ”, “Арӯси абадӣ”, “Муаллими аввал” ва “Зеркунда” рӯи чоп овард ва дар радифи маъруфтарин адибони шӯравӣ қарор гирифт. Аксари китобҳои Айтматов ба тоҷикӣ низ тарҷума шуда, дар рушди насри тоҷики он замон низ нақши муҳим гузоштаанд.

Чингиз Айтматов дар аҳди Шӯравӣ барои асарҳояш 3 дафъа ҷоизаи давлатии СССР, ҷоизаи ба номи Ленин ва унвони Қаҳрамони кори сотсиалистиро ба даст оварда, узви раёсати аксари Иттиҳодияҳои эҷодии вақт буд. Айтматов муассиси Ҳамоиши Иссиқкӯл ҳам буд, ки маъруфтарин адибони дунёро барои баҳси доғтарин масоили ҷаҳонӣ гирд меовард.

Чингиз Айтматов соли 1990 сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои Бенилюкс шуд. Баъди суқути Шӯравӣ ҳам ӯ то дами маргаш дар соли 2008 дар Аврупо монд, вале дигар ба ҳайси сафири Қирғизистони мустақилшуда дар Бенилюкс ва Фаронса.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG