Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаёти муҳоҷирон бозии рӯимизӣ шуд


Рассоми рус Олга Житлина барои муҳоҷирон бозии рӯимизиеро бо номи «Русия – кишвари имкониятҳо» эҷод кардааст. Худи муаллиф, ки дар Санкт-Петербург ба сар мебарад, шӯхиомез бозиашро «Монополия барои фақирон» меномад. Ин бозӣ тақрибан ба гунаи бозии маъруфи «Монополия» буда, муҳоҷир бояд дар роҳи сабти ном, гирифтани корти муҳоҷират, ҷустуҷӯи кор, рӯбарӯшавиҳо бо пулису скинҳедҳо ва бозгашт ба ватан мониаҳои мухталифро пушти сар кунад.
XS
SM
MD
LG