Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти афсари пулис барои ришваситонӣ аз муҳоҷири тоҷик


Рӯзи чоршанбе як афсари полиси Маскав, ки аслан зан мебошад, ҳангоми гирифтани ришва аз муҳоҷири тоҷик, боздошт шудааст.

Намояндаи раёсати бахши ҷанубии умури дохилии пойтахти Русия Валерий Бузовкин ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ки чанд рӯз пеш як зодаи Тоҷикистон ба идораи онҳо хабар додааст, ки як афсари полиси ноҳияи Даниловксий ба хотири ҳалли мушкили як муҳоҷир, аз ӯ пул хостааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба полис гуфтааст, ки ҳамватанаш хилофи қавонини муҳоҷирати Русия амал кардааст ва дар идораи полис дар муқобили ӯ бар пояи моддаи 18-уми кодекси маъмурӣ, протокол таҳия кардаанд.

Дар ҳамин ҳол афсари полис ба ин муҳоҷири тоҷик гуфтааст, ки агар ӯ 7 ҳазор рубл пардохт намояд, протокол нест карда мешаваду ин муҳоҷир ҳам аз масъулият раҳо хоҳад шуд.

Ба қавли Бузовкин, афсарони амнияти дохилии полис ҳамроҳ бо ин муҳоҷир ба идораи умури дохилии Даниловский рафта, афсари полисро ҳангоми гирифтани ришва боздошт намуданд.

Акнун қазия ба Кумитаи тафтишоти Русия интиқол ёфтааст то қароре дар бораи бознамудани парвандаи ҷиноӣ гирифта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG