Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бегуноҳии мусалмонҳо" - меҳвари суханрониҳо дар СММ


Раиси ҷумҳури Покистон хостори “ҷурми ҷиноӣ” арзёбӣ кардани филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” шуд.

Осиф Алӣ Зардорӣ дар иҷлосияи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт, “ҷомеъаи ҷаҳонӣ набояд дар баробари ин гуна аъмол, ки бо истифода аз озодии баён осоишро ба ҳам зада амнияти ҷаҳониро ба хатар рӯбарӯ мекунанд, бетараф боқӣ монад”.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳам дар суханронӣ дар иҷлосия рӯи ин мавзӯъ тамаркуз кард ва аз давлатҳои ғарбӣ хост, ки бо “исломофобия” дар кишварҳояшон мубориза баранд. Карзай афзуд, ки “мо ҳамагуна чунин аъмолро қатъӣ маҳкум мекунем, хоҳ навори филм бошад, хоҳ нашри тасвирҳои ҳаҷвӣ ё дигар гомҳои таҳқиромезу иғвоангез”. Ҳамзамон Ҳомид Карзай изҳор намуд, ки ин ҳама набояд боис ба намоишҳои эътирозиву хушунат ва марги афроди бегуноҳ шавад.

Ҳайати Афғонистон дар нишасти Маҷмааи умуми СММ
Ҳайати Афғонистон дар нишасти Маҷмааи умуми СММ
Аз ин пеш, зимни ифтитоҳи иҷлосия, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳам назарашро дар робита ба филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” иброз дошт: "Ман ошкоро гуфтаам, ки ҳукумати ИМА бо ин видео ҳеҷ рабте надорад ва ман мутмаинам, ки паёми ин видео бояд аз тарафи ҳамаи онҳое рад шавад, ки ба арзтшҳои умумибашарӣ арҷ мегузоранд”.

Ӯ афзуд, “ин на фақат таҳқири мусулмонон, балки таҳқири Амрико низ аст ва шаҳре берун аз ин деворҳо ба таври рӯшан нишон медиҳад, мо кишваре ҳастем, ки аз афроди ҳама гуна нажоду дин истиқбол мекунем."

Аммо ба ақидаи Барак Обама, ҳамлаҳои ду ҳафтаи охир нафақат Амрико, балки он арзишҳоеро ҳам ба ҳадаф доштанд, ки СММ рӯи он бино шудааст. Ӯ мутмаин аст, фурсати дар инзивоъ гузоштани афроде фаро расидааст, ки адоват ба Амрикову Ғарб ва Исроилро дар меҳвари сиёсати худ қарор медиҳанд. Бо пахши пораҳо аз филми "Бегуноҳии мусалмонон" дар интернет, дар эътирозҳои хушунатбори ҷаҳони Ислом ва гирдиҳамоиҳои назди сафоратҳои Иёлоти Муттаҳида, тақрибан 30 нафар кушта шуданд.

Барак Обама дар робита ба ҳаводиси олам – қазияи Сурия ва барномаи ҳастаии Эрон ҳам ибрози назар кард. Ӯ гуфт, ки умри режими Башор Асад бояд поён биёбад, зеро “фардои Сурия набояд дар дасти мустабиде бошад, ки мардуми худашро нобуд месозад”. Ба гуфтаи ӯ, “агар сабабе ҳам барои эътироз, эътирози осоишта, мавҷуд аст, пас он аз рафтори низоме сарчашма мегирад, ки кӯдаконро шиканҷа мекунад ва ба манзилҳо мушак меандозад. Ва мо, ба ҷуз ин, бояд мутмаин бошем, он чӣ, ки ҳамчунин тазоҳуроти мардум барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ шурӯъ шудааст, набояд чун мавҷи хушунати байнимазҳабӣ поён ёбад».

Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама афзуд, барои ҳалли бӯҳрони марбут ба барномаи ҳастаии Эрон бо шеваҳои дипломатӣ низ вақт беохир нест. Ӯ гуфт, ки Амрико ҳаққи кишварҳоро барои дастёбӣ ба нерӯи ҳастаии осоишта эътироф мекунад, аммо Эрони мусаллаҳ бо силоҳи ҳастаӣ "ба бақои Исроил, амнияти кишварҳои Халиҷ ва эътидоли иқтисоди ҷаҳонӣ таҳдид мекунад."

Имрӯз дар иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ суханронии сарони кишварҳои олам идома хоҳад кард. Қарор аст, ки аз ҷумла, раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод назари худро ба ҳаводиси ахири олам баён кунад.

Як рӯз қабл аз шурӯи иҷлосия, дар як нишасти СММ оид ба волояти қонун Маҳмуди Аҳмадинажод Шӯрои амнияти СММ-ро дар ҳимоят аз силоҳи ҳастаии Исроил айбдор карда гуфта буд, ки Эрон омода аст худро аз ҳама гуна ҳамлаи Исроил дифоъ кунад. Ӯ иддао намуд, ки давлати яҳудиҳо решае дар Ховари Миёна надорад. Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ қаблан ба Аҳмадинажод ҳушдор дода буд, ки аз пахши изҳороти таҳрикдиҳанда худдорӣ намояд.
XS
SM
MD
LG