Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанги шиорҳо, ки аз соҳили шарқӣ то ғарбии ИМА тӯл кашидааст, рӯзҳои наздик ба метрои Ню-Йорк мекӯчад.

Дар ҷавоб ба эълонҳои гурӯҳҳои тарафдор аз Фаластин, дар пойгоҳҳои метро лавҳаҳое насб хоҳанд шуд, ки дар он ифротгароҳои исломӣ “ваҳшӣ” унвон гирифтаанд.

Ҳафтаи оянда дар метрои Нюйорк лавҳаҳои бо чунин навиштаҷот зуҳур хоҳанд кард: “Дар ҳар ҷанги миёни инсони мутамаддин ва ваҳшӣ, аз фарди мутамаддин пуштибонӣ кунед! Пуштибони Исроил бошед ва ҷиҳодро ноком кунед!”

Чанд ҳафта пеш ин эълонҳои иғвобарангез дар автобусҳои мусофирбари шаҳри Сан Франсиско низ пайдо шуда буданд. Метрои Ню -Йорк ибтидо аз нашри лавҳаҳо даст кашид, вале додгоҳи федералӣ бар пояи замимаи аввали сарқонуни ИМА ба нашри онҳо иҷозат дод. Ин лавҳаҳо замоне пайдо мешаванд, ки маъмурияти ИМА саъй дорад, эътирозҳои саросарӣ дар иртибот бо пахши филми зиддиисломӣ дар ин кишварро хомӯш кунад.

Лавҳаҳо бо фармоиши Ташаббуси амрикоии ҳимоят аз озодӣ (AFDI -the American Freedom Defense Initiative) таҳия шудаанд. Як идда созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Ташаббуси амрикоии ҳимоят аз озодиро, ҳамчун гурӯҳи зиддиисломӣ арзёбӣ мекунанд.

Памела Геллер, мудири иҷроияи Ташаббуси амрикоии ҳимоят аз озодӣ мегӯяд, ин ҷавоби онҳо ба эълонҳои гурӯҳҳои тарафдор аз фаластиниҳо мебошад, ки ду сол инҷониб дар нақлиёти мусофирбари Ню-Йорк насб шудаанд. Дар эълонҳои гурӯҳҳои рӯ ба Фаластин, чор харитаи маҳдудшавандаи Фаластин овехта шуда, рӯи он мехонем: “Кӯмаки ИМА ба Исроилро қатъ кунед!”



Яке аз ташаббускорони эълонҳои тарафдор аз Фаластин Сесилияи Сураскӣ сухангӯи созмони ғайридавлатии “Садои яҳудӣ ба хотири сулҳ” мебошад. Сураскӣ мегӯяд, созмони онҳо даъват намекунад, ки овехтани эълонҳои “Пуштибони Исроил бошед ва ҷиҳодро ноком кунед!” манъ гардад. Дар айни замон ӯ таъкид мекунад, ки ҳадаф аз ин эълонҳо “барангехтани низоъ” аст: “Эълонҳои Геллер бар пояи замимаи аввали сарқонуни Амрико ҳаққи мавҷудият доранд, вале ин эълону тарғибот бояд дар чорчӯби ҳамлаҳои хушунатбор болои мусулмонон, арабҳо ва сикҳҳо баррасӣ шаванд, ки дар қаламрави ИМА ҷой доранд.”

Аммо Геллер мегӯяд: “онҳое, ки ба Ислом арҷ мегузоранду онҳое, ки бо онҳо ҳампаймон ҳастанд, мехоҳанд тавассути расонаҳо дар сари мо ин ақидаро ҷой диҳанд, ки мо масъули хушунати мусулмонон ва кушторҳо ҳастем ва онҳо моро гунаҳгор мекунанд.”
XS
SM
MD
LG