Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ ва Карзай филми зиддисломиро маҳкум карданд


Барак Обама
Барак Обама
Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, хостори “ҷурми ҷиноӣ” арзёбӣ кардани филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” шуд. Ӯ дар иҷлосияи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт, “ҷомеъаи ҷаҳонӣ набояд дар баробари ин гуна аъмол, ки бо истифода аз озодии баён осоишро ба ҳам зада амнияти ҷаҳониро ба хатар мувоҷеҳ мекунанд, бетараф боқӣ монад”.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳам дар суханронӣ дар иҷлосия рӯи ин мавзӯъ тамаркуз кард ва аз давлатҳои ғарбӣ хост, ки бо “исломофобия” дар кишварҳояшон мубориза баранд. Карзай афзуд, ки “мо ҳамагуна чунин аъмолро қатъӣ маҳкум мекунем, хоҳ навори филм бошад, хоҳ нашри тасвирҳои ҳаҷвӣ ё дигар гомҳои таҳқиромезу иғвоангез”.

Ба гуфтаи сарвари Афғонистон, ин аъмолро наметавон бо “озодии баён” сафед кард. Ҳамзамон Ҳомид Карзай изҳор намуд, ки ин ҳама набояд боис ба намоишҳои эътирозиву хушунат ва марги афроди бегуноҳ шавад.

Аз ин пеш, зимни ифтитоҳи иҷлосия, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳам назарашро дар робита ба филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” иброз дошт. "Ман ошкоро гуфтаам, ки ҳукумати ИМА бо ин видео ҳеҷ рабте надорад ва ман мутмаинам, ки паёми ин видео бояд аз тарафи ҳамаи онҳое рад шавад, ки ба арзтшҳои умумибашарӣ арҷ мегузоранд”, гуфт сарвари Амрико. Ӯ афзуд, “ин на фақат таҳқири мусулмонон, балки таҳқири Амрико низ аст ва шаҳре берун аз ин деворҳо ба таври рӯшан нишон медиҳад, мо кишваре ҳастем, ки аз афроди ҳама гуна нажоду дин истиқбол мекунем."

Аммо ба ақидаи Барак Обама, ҳамлаҳои ду ҳафтаи охир нафақат Амрико, балки он арзишҳоеро ҳам ба ҳадаф доштанд, ки СММ рӯи он бино шудааст.
XS
SM
MD
LG