Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиби шабакаи телевизионӣ "Таврот"-ро оташ задааст


Дар Миср соҳиби як шабакаи телевизионӣ ва писараш бо иттиҳоми оташ задани нусхаи “Таврот”, китоби муқаддаси масеҳиён, ба додгоҳ кашида шуданд.

Рӯзи сешанбе телевизиони давлатии Миср хабар дод, ки соҳиби шабакаи телевизионии Ал-Омма ТВ Аҳмад Муҳаммад Абдулло, ки ҳамчун Абу Ислом маъруф аст, ҳамроҳ бо писараш дар “таҳқири дини масеҳӣ” айбдор мешаванд. Ҳамин гуна иттиҳом алайҳи хабарнигори рӯзномаи мустақили “Ал-Таҳрир” Ҳонӣ Ёсин Гадаллоҳ ҳам эълон шудааст.

Ба иттилои додситонӣ, Абу Ислом ва писараш ҳангоми намоиши эътирозӣ дар канори сафорати ИМА дар Қоҳира, нусхаи “Таврот”-ро дарронда онро оташ задаанд. Абу Ислом ҳамчунин дар он айбдор мешавад, ки дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ал-Таҳрир” дар ҳаққи дини масеҳӣ ҳарфҳои таҳқиромез задааст.
XS
SM
MD
LG