Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Нозирон ба номуси маҳбусон таҷовуз мекунанд


Созмони байнулмилалии дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch хабар дод, ки ҳукумати Сурия хушунати ҷинсиро барои таҳқири ошӯбгарони боздоштшуда истифода мебарад. Ба иттилои ВВС, маҳбусони собиқ дар бораи шиканҷаи мудҳиш ва таҷовуз ба номуси ҳам мардон ва ҳам занони мухолифи ҳукумат дар маҳбасҳои Сурия қисса кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки пайдо кардани тасдиқи ин изҳороти маҳбусон номумкин аст, зеро ба муфаттишони СММ вуруд ба Сурия манъ карда шудааст.

Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Навӣ Пиллай изҳор намуд, ки иттиҳом алайҳи ҳукумати Сурия бояд дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ баррасӣ шавад.

Мақомоти Димишқ иттиҳомро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG