Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаққиқон: зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қатъ шавад


Агар Вошингтон мехоҳад, ки пуштибонии мардуми Покистонро ҳифз кунад, бояд фавран сиёсати истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ин кишварро бознигарӣ кунад. Ин хулосаи гузориши муштараки пажуҳишгарони донишгоҳҳои Стенфорд ва Ню-Йорки Амрикост. Муаллифон навиштаанд, ки шумораи қурбониёни зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин миёни мардуми осоишта хело бештар аз эътирофи ҳукумати ИМА аст.

Таҳқиқот бар асари пурсиши мардуми маҳаллӣ таҳия шудааст – бар асари маҳдудияти сафар ба манотиқи шимолу ғарби Покистон пажуҳишгарон ба дарёфти маълумоти дақиқ дар бораи теъдоди қурбониёну маҷрӯҳон аз зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин муваффақ нашуданд.
XS
SM
MD
LG