Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати низомиёни турк дар таркише дар Тунҷелӣ


Бар асари таркиши мудҳиш дар шаҳри Тунҷелӣ, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия, ҳафт нафар ба ҳалокат расидаанд, Бар пояи иттилои пешакӣ, бештари онҳо низомиёни нерӯҳои амниятии кишваранд.

Таркиш бегаҳ дар майдони марказии шаҳр рӯй дод. Аз он як зиреҳпӯш ва як худрав осеб диданд. Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки мардуми шаҳр ба воҳима афтоданд, ба ҷойи ҳодиса шумораи зиёди мошинҳои “ёрии таъҷилӣ” расиданд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо дар Анқара ангушти иттиҳом сӯи ҷудоихоҳони курд кардаанд, ки аз соли 1984 барои дарёфти истиқлол бо ҳукумати Туркия меҷанганд. Гуфта мешавад, ки дар ин муддат аз ҳарду ҷониб тақрибан 45 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG