Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳриҳо ҳавлиро бар баландошёнаҳо тарҷеҳ медиҳанд


Агар дар гузашта бисёриҳо ҳаваси зиндагӣ дар биноҳои баландошёнаро доштанд, ҳоло аксарият ба зиндагӣ дар хонаҳои заминӣ бартарӣ медиҳанд.

Беобиву бегазӣ ва сардиву гармиҳои тоқатфарсо, шаҳриҳоро имрӯз аз хонаҳои баландошёна мегурезонад.

Исмат ва аҳли хонаводаи ӯ, ки дар бинои 4 ошёнае дар маҳаллаи "Зарафшон"-и пойтахт зиндагӣ мекарданд, имрӯзҳо дар тараддуди кӯч бастан ҳастанд. Ӯ акнун манзилеро, ки дар он таваллуд шудаву 28 соли умрашро он ҷо сипарӣ кардааст, тарк мекунад ва зиндагии наверо дар шароити тамоман дигар шурӯъ мекунад. Вай мегӯяд, зиндагӣ дар хонаҳои баландошёна замоне афсонавӣ буд, аммо ҳоло дигар барои саломатӣ хатарзо шудааст. Ӯ мисли як хоби ширин аз шароитҳои манзили акнун қаблиашон дар ошёнаи аввали маҳаллаи "Зарафшон" ёд меорад.

«Ҳама шароит буд, ёд дорам вақти наврасиам дар фасли зимистон рахти хоби худро ҳатман ба девор ба дастгоҳҳои гармидиҳӣ наздик мебурдем, хонаҳо хеле гарму роҳат буданд. Ҳоло касе ҷуръат намекунад, ки ба отоплениҳо наздик шавад, дар бисёр хонаҳо аз ин воситаҳои гармидиҳӣ ному нишон намондааст. Ҳарчанд хонаи мо дар ошёнаи аввал буд, вале дар зимистон гарм буд, чун аз таҳхона қубурҳои оби гарм мегузаштанд ва аксарият кӯшиш мекарданд дар ошёнаи аввал хона бигиранд. Вале солҳои ахир зиндагӣ дар ин хона дигар имконнопазир шуд, чӣ рӯзҳоеро аз нагузаронидем. Рӯзҳое буд, ки баклашкаҳоро бо оби гарм пур карда зери пою бадан монда хоб мекардем.»

Ба гуфтаи масъулони ширкатҳои миёнарав, ки ба харидуфурӯши хона машғуланд, ҳоло хонаҳои заминӣ ё ҳавлиҳое дар маҳаллаҳои дуртар аз маркази шаҳр,
​харидори зиёд доранд. Ҳар сотихи замин имрӯз ҳудуди 5 ҳазор доллар фурӯхта мешавад ва барои мисол як ҳавлии дорои 4 хонаро дар маҳаллаи «Корвон» метавон бо 40 ҳазор доллар харид.

Фариз, як миёнарав мегӯяд, аз ҳар 10 муштарии онҳо 7 нафар хонаҳои заминиро суроғ мекунанд: «Зиёданд нафароне, ки хонаҳои худро дар биноҳои серошёна фурӯхта ҳавлӣ мехаранд. Чун бо маблағи як хонаи дуҳуҷраӣ метавонанд замин гирифта хонаи 5 ҳуҷраӣ ва мувофиқи дилашро бисозад. Ва ё аз сӯйи дигар масалан, мардак 3-4 фарзанд дорад, наметавонад ба ҳамаи ӯ дар шароити феълӣ хона харад ва ҳавлӣ мегираду ҳамаи фарзандонро дар он ҷой мекунад.»

Зиндагӣ дар хонаҳои тангу баландошёнаро аксарият танҳо барои шароитҳое, ки дар он муҳайё буд, мисли шабакаи гармидиҳӣ, хатти об ва рӯшанӣ интихоб мекарданд. Аммо ҳоло ба назари аксари сокинони кишвар фалаҷ гаштани ҳама гуна зербинои хадамотии хоси шаҳр, боис шуда, ки биноҳои баландошёна ҷозибаи худро аз даст диҳанд. Ҳатто дар зимистонҳои сарди солҳои ахир аз ошёнаҳои баланд дуди бухорӣ ё печкаҳои бобоӣ низ ба чашм мерасид.

Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, аксар биноҳои баландошёнае, ки замони шӯравӣ бунёд шудаанд ба талаботи замони имрӯз ҷавобгӯ нестанд, бино бар ин, ҳоло зиндагӣ дар хонаҳои заминӣ ё ҳавлӣ барои мардум осонтар аст.

«Аксар хонаҳои замони шӯравӣ бетонӣ ҳастанд, яъне аз қуму семент бунёд шудаанд ва ба шароити имрӯз, ба бебарқиҳову бегазӣ ва зимистонҳои сарди ҳоло мувофиқат намекунанд ва боиси бемор шудани одамон мешаванд. Хонаи
Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик
Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик
заминӣ беҳтар аст, кас метавонад дар он ба воситаи печкаи бобои хонаҳоро гарм кунанд ва ба умед барқ нашуда барои зимистони худ захира карда омодагӣ бинанд. Дастрасӣ ба об ҳам дар хонаи заминӣ беҳтар аст.»

Аз сӯйи дигар гуфта мешавад замони шӯравӣ хадамоти коммуналӣ ҳам барои сокинони биноҳои баландошёна хуб ба роҳ монда шуда буд, аммо ба гуфтаи Қобил Нисратиев, як масъули иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, ҳоло аксари сокинони шаҳр аз фаъолияти сусти идораҳои коммуналӣ шикоят мекунанд. Аммо ба қавли ӯ, ҳоло замоне фаро расидааст, ки бояд шеваҳои нави нигоҳубини биноҳои баландошёнаро ба роҳ монд ва дар ин самт нақши худи сокинони ин биноҳо бузург аст.

«Мо тарзи нави идоракунии хонаҳои баландошёнаро пешниҳод кардем. Ду соли пеш қонун ҳам дар ин маврид қабул шуд. Бисёри вақт фарсудашавии биноҳо аз худи шаҳрвандон ҳам вобастааст. Бояд идораҳои коммуналӣ аз байн раванд ва худи шаҳрвандон бинои зисташонро идора кунанд, яъне барои таъмири бому таҳхона ва дигар мушкилоти бино ҳама якҷоя бояд талош кунанд. Ҳоло ҳамин муттаҳиди нест ва дар натиҷа бино зуд фарсудаву ба ҳолати садамавӣ дучор мешавад.»

Як навъ гурези сокинон аз биноҳои баландошёна ба хонаҳои заминӣ дар ҳолест, ки мушкилоти бебарқӣ дар бархе аз манотиқи кишвар шурӯъ шудааст. Ба иттилои мақомоти ширкати «Барқи тоҷик», имсол низ маҳдудияти нирӯи барқ дар сатҳи соли гузашта хоҳад буд. Дар ҳоле, ки аксар сокинони хонаҳои баландошёна даст болои даст менишинанд ва танҳо умед ба Худо мебанданд, аммо сокинони хонаҳои заминӣ ба шитобзадагӣ дар талоши захира кардани маводи сӯхт, ба хусус ангишт барои фасли сармо мешаванд.

Сино, як сокини шаҳр, ҳам ки авввалин зимистонашро дар хонаи заминӣ сипарӣ мекунад, ба таври ҷиддӣ ба ин фасл омодагӣ мегирад: «Дар ошёнаи чорум хона доштем, ҳар зимистон аз бом об мечакид ва ҳар сол мо таъмир доштем. Об надоштем. Ҳоло дар маҳаллаи «Корвон» ҳавлӣ харидем, ҳарчанд ин ҷо мегӯянд мушкили барқ ҳаст дар зимистон, аммо ба ҳар ҳол мо захира карда истодаем, бо истифода аз печкаҳои бобоӣ умедворем, ки чандон азият намекашем имсол.»
XS
SM
MD
LG