Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро мардум аз бима бим доранд?


Майли шаҳрвандони Тоҷикистон ба бима ё суғурта аз ҳаводиси нохуш рӯ ба афзоиш дорад, аммо ҳанӯз ба бовару эътимод табдил наёфтааст.

Онҳое, ки ба камияш як бор фоидаи бимаро дидаанд, ба ҳама гуна навъҳои он арҷ мегузоранд. Аммо касоне, ки бо бархӯрди бюрократӣ ва асноди номукаммали ширкатҳои суғурта рӯбарӯ шудаанд, низоми бимаро дар кишвар ҳанӯз ибтидоӣ мешуморанд.

Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, ширкатҳои бима дар нимаи аввали соли равон 600 ҳазор шартнома бастаанд, ки назар ба соли гузашта 10 дарсад бештар аст. Ва 75 дарсади ин қарордодҳо ихтиёрӣ будааст.

Бо вуҷуди хушбинӣ ба афзоиши майли мардум, Абдулло Абдуллоев, муовини аввали раҳбари ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» бар ин аст, ки ҳанӯз шаҳрвандон ба аҳамияти бима қойил нестанд: «Албатта онҳое, ки ҳаёти худро бима мекунанд, назар ба солҳои Шӯравӣ камтар, аммо дар қиёс бо солҳои 2000 -ум бештаранд. Тибқи кодекси шаҳрвандӣ, мо ҳуқуқ надорем, ки одамонро барои суғурта намудан маҷбур созем, мо моҳияти суғуртаро ба онҳо мефаҳмонем, боқӣ онҳо ихтиёр доранд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, кори амалӣ аз ҳама гуна таблиғ дида таъсири бештар дорад. Чунончӣ, «Тоҷиксуғурта» дар моҳи майи соли ҷорӣ ба сокинони ноҳияи Тавилдара, ки манзили бимшудаашон аз заминларза хароб гашт, 30 ҳазор сомонӣ маблағ дод.

Паёмадҳои сӯхтори ахир дар "Корвон" ба обрӯи ширкатҳои суғурта зарба зад.
Паёмадҳои сӯхтори ахир дар "Корвон" ба обрӯи ширкатҳои суғурта зарба зад.
Солҳои охир кори ширкатҳои хусусӣ ё дастаҷамъонаи суғурта низ рушд ёфтааст. Вале Ҷӯрабек Ҷӯраев, як масъули ширкати бимаи «Муин» мегӯяд, бо вуҷуди он ки, онҳо барои хоҳишмандон 17 намуди суғуртаро пешниҳод мекунанд, шаҳрвандони оддӣ ба хизмати онҳо чандон таваҷҷӯҳ надоранд: «Маблағи суғурта бигзор 20 сомон бошад, аммо аксари мардум ин маблағро барои бароварда кардани ягон ниёзи дигар истифода бурда ва аммо суғурта кардан намехоҳанд. Вале ман маслиҳат медиҳам, ки ба ҷои сиёҳ кардани шишаҳои мошин беҳтар мебуд, ки онро бима мекарданд. Зеро мо худ шоҳидем, ки қариб ҳамарӯза садамаҳои зиёди нақлиётӣ сурат мегирад, ки аз ин 100 мошини зарардида шояд яке аз онҳо бима шуда бошад.»

Ҳоло дар Тоҷикистон 15 ширкати суғурта фаъолият доранд, ки бо вазъи мушкил рӯбарӯянд. Паёмадҳои сӯхтори ахир дар бозори «Корвон» ба обрӯи ширкатҳои суғурта зарба зад. Осебдидагон бо сабабҳои гуногун натавонистанд, зарари худро ҷуброн кунанд.

Фирӯза як соҳибкори тоҷик дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт: «Чун мо соҳибкорем, ҳар сол кормандони «Тоҷиксуғурта» аз мо 45 сомонӣ мегиранд ва бароямон чун шаҳодатнмоа як варақаеро медиҳанд. Лекин ин шаҳодатнома ягон рақами бақайдгирӣ надорад. Ва ман бовар надорам, ки дар сурати сар задани ягон ҳодиса, ин ширкат имконияти ҷуброн кардани ин маблағҳои моро дошта
Ҳамарӯза дар Тоҷикистон садамаҳои зиёди нақлиётӣ сурат мегирад, ки шумораи ками онҳо суғурта шудаанд.
Ҳамарӯза дар Тоҷикистон садамаҳои зиёди нақлиётӣ сурат мегирад, ки шумораи ками онҳо суғурта шудаанд.
бошад. Ва мо ин воқеяитро дар нисбати тоҷирони бозори «Корвон» низ дидем. Ба назари ман, ин танҳо як намуди ба даст овардани маблағи муфт ва холӣ кардани кисаҳои онҳоест, ки арақи ҷабин мерезанд.»

Ҳамсӯҳбати дигари мо Юсуфҷон Шакрамамадов низ ба ширкатҳои бима бовар надошт, аммо як воқеа сабаб шуд, ки фикраш дигар шавад: «Моҳи ноябр мошин ба садама дучор шуд . Ва ин ширкат барои мошин ва ронандаи мо ва ҳамчунин мошини дуюме, ки дар ин садама зарар дид, ҷубронпулӣ дод. Ҳамчунин, мошинамонро дар таъмиргоҳи худ таъмир намуданд. Баъди рӯй додани ин ҳодиса боварии мо ба ширкатҳои бима бештар гардид.»

Устувории бештар пайдо кардани чунин бовар ба бархӯрди мусбати ширкатҳои бима бастагӣ хоҳад дошт. Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали соли равон воридоти суғуртавӣ ба ин ширкатҳо 52 миллион сомониро ташкил дода, пардохтҳо ба 8,8 миллион сомонӣ баробар шудааст. Фарқи бузурги байни ин ду адад яке аз муайянкунандаҳои асосии муносибати шаҳрвандон ба ширкатҳои бима аст.
XS
SM
MD
LG