Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони ду афсари собиқи пулиси Тотористон


Додгоҳи Қазон – пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия – ду пулиси собиқ Илшот Орифуллин ва Рамил Неъматзяновро дар иртикоби парвандаи пурсарусадои шиканҷа мутаносибан ба 2,5 ва 2 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум кард. Ин ду афсар ба боздошти ғайриқонунӣ ва зада куштани як сокини маҳаллӣ айбдор дониста шуданд. Ин қазияи моҳи март истеъфои вазири дохилаи Тотористон Асгат Сафаровро дар пай дошт. Мурофиаи 4 пулиси дигар дар иртикоби ин парванда ҳанӯз идома дорад.
XS
SM
MD
LG