Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хуруҷи нирӯҳои пулис аз зиндонҳои Гурҷистон


Георгӣ Тугушӣ

Георгӣ Тугушӣ

Вазири нави зиндонҳои Гурҷистон Гиоргӣ Тугушӣ гуфт, нирӯҳои пулис аз кулли зиндонҳо хориҷ шуданд. Раиси ин ҷумҳурӣ Михеил Саакашвилӣ дар пайи нашри навори видеоии бадрафторӣ дар зиндони Тифлис ба истиқрори ин нирӯҳо амр дода буд. Моҷаро дар пешорӯи интихоботи парлумонии 1 октябр рух дода, мунҷар ба истеъфои вузарои қаблии умури зиндонҳо ва умури дохилаи Гурҷистон шуд. Тугушӣ гуфт, вазъ дар зиндонҳо феълан таҳти назорати комил қарор дорад ва мақомоти масъули бадрафторӣ барканор шуда, ба масъулият кашонда мешаванд.
XS
SM
MD
LG