Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши бомб дар пойтахти Сурия


Ба гуфтаи фаъолони Сурия, таркиши бомб як бинои маъмурии низомӣ дар Димишқро тахриб кард. Шумори қурбониёни ин ҳамла ҳанӯз рӯшан нест. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, ин бино дар оғози роҳи фурудгоҳи Димишқ мақари маъмурияти мактабҳое буд, ки фарзандони сарбозони кушташударо ба таҳсил фаро мегирифт. Ин таркиш як рӯз баъд аз гузориши фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Ахзар Иброҳимӣ ба Шӯрои Амният буд. Иброҳимӣ гуфт, вазъ дар Сурия дар пасманзари чанд моҳи рӯёрӯӣ байни чирикиҳо ва нирӯҳои режими Башор Асад бадтар мешавад.
XS
SM
MD
LG