Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимов вуҷуди "рӯйхати сиёҳ"-ро радд мекунад


Рамазон Раҳимов
Рамазон Раҳимов
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷангиёне, ки силоҳҳои худро супурда, бо тафтишот ҳамкорӣ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Раҳимов, ки дар Хоруғ сӯҳбат мекард, хабарҳо дар бораи вуҷуди “рӯйхати сиёҳ”-и ширкатдорони муқовимати ахири мусаллаҳона дар Бадахшонро радд кард.
Амалиёти низомии рӯзи 24 июл алайҳи гурӯҳҳои саркаш дар Хоруғ зери 70 кушта ба ҷо гузошт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта дар Хоруғ гуфт, ки ҷангиҳоро дигар афв нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG