Пайвандҳои дастрасӣ

"Мизони корбарони интернет беш аз он аст, ки СММ мегӯяд"


Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев, раиси Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротии Тоҷикистон натиҷаи гузориши СММ доир ба дастрасии аҳолии Тоҷикистон ба интернетро "нодуруст" арзёбӣ кард.

Асомиддин Атоев рӯзи сешанбеи 25-уми сентябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки Созмони Милали Мутаҳҳид гузориши худро бар асоси рақамҳои Иттиҳодиия байнамилалии алоқа (МСЭ) таҳия кардааст, ки ба ҳақиқат дуруст намеояд.

Асомиддин Атоев мегӯяд, ки дар таърихи 27-уми июли солди 2012 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маълумоти расмӣ пешниҳод карда буд, ки мувофиқ ба он, корбарони интернет ва афроде, ки ақалан як маротиба дар рӯз вориди интернет мешаванд, беш аз ду миллион нафар нишон дода буд. Яъне ба қавли Асомиддин Атоев, феълан ҳудуди 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ дорад.

Ҷаноби Атоев меафзояд, ки соли 2010 дар Душанбе дар ин замина як таҳқиқоте сурат гирифта буд, ки мувофиқ ба он ҳудуди 2 миллион аҳолии Тоҷикистон ба интернет сару кор доранд.

Созмони Милали Мутаҳид дар як гузориши таҳқиқотии худ, ки 24-уми сентябр ба нашр расонидааст, мизони корбарони интернет дар кишварҳои ҷаҳонро нишон додааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар Узбакистон 30, 2 дарсади аҳолӣ ба интернет дастрасӣ доштаанд ва корбарони интернет дар Қирғизистон ба 20 дарсад баробар мебошад. Дар Тоҷикистон 13 дарсад ва дар Туркманистон 5 дарсад ба интернет сару кор доштаанд.

Исландия бо 95 дарсади фарогирии корбарони интернет дар ҷаҳон дар ҷои аввал буда, Олмон бо 83 дарсад дар ҷои дуввум ва Иёлоти Мутаҳидаи Амрико бо 77,9 дарсад дар мақоми севвум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG