Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як узви аршади Ал-Қоида дар Покистон


Бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар шимолуғарби Покистон як нафари аршади Ал-Қоида ва 4 ҷангии дигар кушта шудаанд. Мақомоти иктишофӣ ва ҳам манобеъи Толибон таъйид карданд, ки Абӯкашо Ироқӣ, як барномасоз ва омили баландпояи шабакаи Ал-Қоида, шоми душанбе дар натиҷаи асобати ду мушак ба қароргоҳаш дар Вазиристони шимолӣ кушта шуд. Радиои Машъал бо такя ба Толибон аз ҳалокати Абӯсолеҳ Туркӣ, як узви дигари аршади Ал-Қоида бар асари ҳамла дар наздикии шаҳри Миралӣ хабар дод. Вазиристони шимолӣ яке аз 7 минтақаи қабиланишин дар ҳошияи марзи Афғонистон аст, ки барои ҷангиёни Ал-Қоида ҳамчун паноҳгоҳ хидмат мекунанд.
XS
SM
MD
LG