Пайвандҳои дастрасӣ

Обама имрӯз дар Маҷмаъи умумӣ сухан хоҳад ронд


Кохи Сафед гуфт, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз дар Маҷмаъи умумии СММ ҷаҳонро ба муқобила ба омилҳое даъват хоҳад кард, ки мавҷи кунунии хашму ғазаб дар ҷаҳони Исломро барангехт. Дар эътирозҳо алайҳи филми тавҳиномез нисбат ба паёмбари Ислом Муҳаммад(а) даҳҳо тан кушта шуданд. Бино ба пораҳои нашршуда аз суханронии Обама дар Маҷмаъи умумӣ, Обама ҳамчунин қотеъияти Амрико барои манъи Эрон аз расидан ба силоҳҳои ҳастаиро такрор хоҳад кард. Ӯ ба Эрон хоҳад гуфт, ки фурсати ҳалли дипломатии баҳс “бепоён нест.” Маҷмаъи умумии СММ имрӯз расман оғоз меёбад.
XS
SM
MD
LG