Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтарин молҳои ватании Тоҷикистон эълон шуданд


Дар Душанбе аз озмуни «Беҳтарин молу хадамоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷагирӣ карданд. Ширкати «Об Сито» дар бахши обу шарбат, «555 МПК» дар бахши маҳсулоти қаннодӣ ва «Интермаркет» дар бахши маҳсулоти ширӣ ҷоизаҳо барои беҳтарин маҳсулоти хӯроквориро ба даст оварданд. Дар бахши маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ширкатҳои «Гулистон», «Тоҷикмебел» ва «Мечта-Пласт» баранда шудаанд. Меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар байни меҳмонхонаҳо ва «Содот» дар байни толорҳои ороишӣ беҳтарин шинохта шуданд. Ин озмун бо ибтикори идораи давлатии «Тоҷикстандарт» ба хотири ташвиқ ва таблиғи тавлидоти ватанӣ доир шуд.
XS
SM
MD
LG