Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Зарифӣ бо муовини дабири кулли СММ


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки ҳайати кишварро дар 67-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ роҳбарӣ дорад, рӯзи 24-уми сентябр бо У Ҳунбо, муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, мулоқот анҷом дод. Ба қавли масъулони вазорати умури хориҷӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ дар ояндаи наздик баррасӣ шудааст.

Торнамои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон навиштааст, "мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории судманд дар пеш бурдани “рӯзномаи об”-и СММ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар мавриди татбиқ гардидани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об мубодилаи афкор анҷом доданд". Муовини Дабири кулли СММ дар анвбати худ иқдоми Тоҷикистонро дар масъалаи об мусбат хонда, омодагияшро барои мусоидат ва пуштибонӣ дар татбиқи Соли байналмилали ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳор доштааст.
XS
SM
MD
LG