Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб дар умури Сурия мегӯяд, бӯҳрони ин кишвар минтақаро ба хатар рӯбарӯ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ахзар Иброҳимӣ, ки рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ пас аз ироаи гузорише ба Шӯрои Амнияти СММ дар Ню-Йорк сухан мегуфт, хотирнишон кард, ки барои такмили идеяҳои худ, ки ба ША Созмони Миллали Муттаҳид ироа хоҳад дод, ба минтақа боз хоҳад гашт.

Иброҳимӣ таъкид кард, ки ҳанӯз ҳеҷ тарҳ ва идеяи мушаххас надорад. Ӯ идома дод, ки тарҳи шаш бандии Кӯфӣ Анон–фиристодаи пешини СММ ва Иттиҳодияи Араб ба Сурия ва ҳамчунин тасмимҳои гурӯҳи тамос дар Женева, бахши нақшаи роҳ хоҳанд буд, ки барои ҳал ва фасли бӯҳрони Сурия ироа хоҳад дод. Ӯ бо таъкид бар ин, ки бӯҳрони Сурия рӯз ба рӯз печидатар мешавад, гуфт, ин вазъият ҳамаи минтақаро дар маърази хатар қарор додаст.

Ӯ хотирнишон кард, ки Шӯрои Амнияти СММ-ро дар ҷараёни он чӣ, ки дар Димишқ, Қоҳира ва ва урдугоҳҳои паноҳандагони суриягӣ дар Урдун ва Туркия дида ва шунида, қарор додаст. Иброҳимӣ таъкид кард, ки бори дигар ба Шӯрои Амният хоҳад омад то идеяҳояшро дар бораи ончи бояд анҷом шавадро пешниҳод намояд.

Фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб ба Сурия, дар ҷаласаи Шӯрои Амният нисбат ба қарор гирифтани ин кишвар дар бӯҳрони ғизоӣ, ҳушдор дод.
Ба гуфтаи дипломатҳое, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, Иброҳимӣ изҳор дошт, давлати Сурия мӯътақид аст, ки ҳудуди 5 ҳазор хориҷӣ дар канори мухолифон бо нерӯҳои давлатӣ меҷанганд ва Димишқ ҳар рӯз бештар бар ин бовар таъкид мекунад, ки «бо тавтеаҳои хориҷӣ рӯбарӯ аст».

Ӯ таъкид кард, ки шиканҷа кардани зиндониҳо ба «масъалаи оддӣ» дар Сурия табдил шуда ва суриягиҳо аз муроҷиат ба бемористонҳои таҳти контроли нерӯҳои давлатӣ, бим доранд. Ӯ хотирнишон намуд, ки ҳудуди яку ним миллион нафар дар Сурия аз хонаҳои худ фирор кардаанд ва ин кишвар ба коҳиши шадиди маводи ғизоӣ рӯбарӯ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG