Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сӯзак 1500 гӯсфанди мурдаро оташ задаанд


Дар ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон 1500 сар гӯсфандеро, ки бар асари истифодаи ваксинаи олуда алайҳи бемории гулафшон ҳалок шуданд, оташ зада, зери хок кардаанд. Ҷумъабек Аскаров, мудири идораи байтории вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ аз ин ваксина 1837 гӯсфанд ҷон додааст. Мақомоти қирғиз мегӯянд, ки чорводорони маҳаллӣ ваксинаи олударо, ки зоҳиран сохти Русия аст, аз Узбакистон харидаанд. Дар вилоятҳои Қашқадарёву Самарқанд ва Ҷиззахи Узбакистон низ ин ваксина то имрӯз мунҷар ба марги тақрибан 12 500 гӯсфанд шудааст.
XS
SM
MD
LG