Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти муштараки ду донишгоҳи Амрико


Таҳқиқоти муштараки ду донишгоҳи Амрико мегӯяд, ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ дар манотиқи қабиланишини Покистон мунҷар ба ҳалокати шумори назар ба донистаи мақомоти Амрико хеле бештари афроди мулкӣ шудааст. Таҳқиқоти мактабҳои ҳуқуқии донишгоҳҳои Стенфорд ва Ню-Йорк ба далели камбуди вақт шумори мулкиҳои ҳалокшударо баровард накардааст. Вале он бар пояи сӯҳбатҳо бо сокинони манотиқи қабиланишин, бо шумули зиндамондаҳо ва аҳли хонаводаҳои қурбониён даъвои мақомоти амрикоӣ дар бораи аслан вуҷуд надоштан ё ангуштшумор будани қурбониёни мулкиро радд мекунад. Таҳқиқот тавсия медиҳад, ки Вошингтон бояд барномаи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишинашро бозбинӣ кунад, чунки он ба ҳамкории Покистон соя меафканад.
XS
SM
MD
LG