Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Маҷмаи умумии СММ оғоз ба кор мекунад


Маҳмуди Аҳмадинажод дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк
Маҳмуди Аҳмадинажод дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк
Рӯзи сешанбе Маҷмаи умумии СММ оғоз ба кор мекунад. Имрӯз дар ин ҳамоиши раҳбарони ҷаҳон аз ҷумла руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Фаронса Барак Обама ва Франсуа Ҳолланд сухан хоҳанд ронд. Дар арафаи ифтитоҳи Маҷмаи умумӣ раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Шӯрои Амниятро ба маҳзи ҳимоят аз «кӯлоҳакҳои ҳастаӣ»-и Исроил маҳкум кард. Гумон меравад, ки Исроил танҳо қудрати ҳастаӣ дар Ховари Миёна бошад, ҳарчанд худаш инро радд мекунад.
Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт, Эрон барои дифоъ аз ҳар навъ ҳамлаи Исроил омода ҳаст. Ӯ афзуд, давлати яҳудӣ «реша»-е дар Ховари Миёна надорад ва бояд аз байн бурда шавад. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳанӯз дар мулоқоти рӯзи якшанбеаш дар Ню-Йорк Аҳмадинажодро аз паёмадҳои чунин лаҳни таҳрикомез ҳушдор дода буд.
XS
SM
MD
LG