Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти Корхонаи пахтаи Кӯлоб


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб фаъолияти корхонаи пахтаи ин шаҳрро мутаваққиф ва аз шӯъбаи барқи минтақа талаб кардааст, ки ба корхона барқ надиҳанд.

Лашкарӣ Мирзоев, раиси Корхонаи пахтаи Кӯлоб рӯзи сешанбеи 25-уми сентябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки бо амри Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кулоб дар авоили моҳи сентябр ба дарвозаи корхона муҳр заданд ва тақозо шуд, ки раиси феълии корхона аз идомаи иҷрои вазифа дар он даст кашад.

Лашкарӣ Мирзоев меафзояд, ки раиси шаҳр сабаб ва иллатҳоеро, ки боиси барканории раиси корхона бошад нагуфта, бо роҳи фишор мехоҳад ӯро барканор кунад.

Ба қавли Лашкарӣ Мирзоев, дар соли 2006 замоне, ки вай ба ин корхони пахта омад, қарзи он ба 700 ҳазор доллар баробар буд. Тайи ин чанд соли гузашт, қарзи корхона ба 193 ҳазор доллар кам карда шудааст. Ва беш аз 200 нафар дар ин ҷо кор мекунанд ва хонаводаҳои худро таъмин менамоянд.

Лашкари Мирзоев зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир Иҷлосияи вакилони шаҳри Кӯлоб идома дорад ва агар масъалаи Корхонаи пахта мусбат ҳал нашавад, ҳамроҳи коргарон ва фарзандону наздикони онҳо, ки ҳудуди 1000 нафарро дар бар хоҳад гирифт, дар назди бинои Ҳукумати шаҳр ҷамъ меоянд ва талаб мекунанд, ки сабабҳои аслии фишору бастани корхонаро шарҳ диҳанд.

Аммо намояндаи ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз ироаи тафсилот дар бораи ин қазияи худдорӣ намуд ва гуфт, танҳо баъд аз анҷоми иҷлосияи вакилони шаҳрӣ, дар ин бора сӯҳбат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG