Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба боздошти фарзандонаш


Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон

Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон

Рафсанҷонӣ дар робита ба боздошти Фоизаву Меҳдӣ гуфт, "фарзандони ман аз фарзандони мардум фарқе надоранд."

Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва раисиҷумҳури собиқи Эрон, дар вокуниш ба боздошти фарзандонаш -- Фоиза ва Меҳдии Ҳошимӣ гуфт, фарзандони ӯ аз фарзандони мардум фарқе надоранд. Ҳамчунин хонаводаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ навореро мунташир кардаанд, ки дар он Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо хондани дуое барои писари худ Меҳдӣ, ӯро ба зиндони Эвин гусел мекунад.

Меҳдии Ҳошимӣ, фарзанди Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, баъд аз се соли сукунат дар Лондон рӯзи якшанбе ба Теҳрон бозгашт ва ӯро барои бозпурсӣ ба зиндони Эвини Теҳрон бурдаанд. Дар ин зиндон асосан мунаққидон ва мухолифони ҳукумат нигаҳ дошта мешаванд. Расонаҳои эронӣ навиштаанд, ки Меҳдӣ Ҳошимӣ дар фасод ва ташвиқоти зиддиҳукуматӣ айбдор мешавад.

Тақрибан як ҳафта пеш Фоиза Ҳошимӣ, духтари Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷониро, низ баъд аз бозгашт аз Лондон ба ҳабс гирифтанд. Фоиза Ҳошимӣ-узви пешини Маҷлиси Эрон, раиси собиқи Федератсияи варзиши занон ва аз ҳомиёни ҳуқуқи занон аст. Ӯ ҳанӯз моҳи январ барои шаш моҳ маҳкум ба зиндон ва барои панҷ соли оянда аз ҳаққи ширкат дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва рӯзноманигорӣ маҳрум шуда буд.

Лаҳзаи худоҳофизии Рафсанҷонӣ бо писараш - Меҳдӣ:



Коршиносон мегӯянд, ки боздошти Меҳдӣ ва Фоиза – зарбаи сангину шояд охирин ба раисиҷумҳури пешини Эрон аст, ки барои пуштибонӣ аз мухолифини Маҳмуди Аҳмадинажод баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2009-ум мавриди интиқоди шадиди муҳофизакорон қарор дорад. Фарзандони ӯ ҳам алайҳи интихоби Аҳмадинажод садо баланд карда, саркӯбсозии намоишҳои эътирозии мухолифин дар Теҳронро маҳкум карда буданд.

Фотима Рафсанҷонӣ, дигар духтари раисиҷумҳури пешини Эрон, дар сӯҳбат ба торнамои мухолифини ҳукумат “Калима” гуфтааст, мансабдорони кишвар ба Рафсанҷонӣ гӯшрас карда буданд, ки писараш Меҳдӣ набояд ба Эрон баргардад. Аммо Меҳдӣ, ки фаъолияти таҳқиқотии сесолааш дар Лондон, анҷом ёфт, бо вуҷуди ҳабси хоҳарбузургаш ба Теҳрон баргашт ва ӯро билофосила барои бозпурсӣ ба зиндони Эвин бурданд.

Сиёсатшиноси эронии муқими Вошингтон Алии Афшорӣ фишор болои Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷониро бо интихоботи қарибулвуқӯи раёсатҷумҳурии Эрон рабт медиҳад ва мегӯяд, ки муҳофизакорон мехоҳанд қабл аз ин маърака қанотҳои ӯро бибуранду аз саҳнаи сиёсат комилан берунаш кунанд. “Дубора як мавзӯе фароҳам мешавад то рӯёрӯии ниҳоӣ бо Ҳошими Рафсанҷонӣ ва ҳасби комилаш аз қудрат фароҳам шавад”,-мегӯяд ӯ.

Дар нишасти ахири раҳбарони сатҳи олии Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар Теҳрон Рафсанҷонӣ ҳамроҳ бо раҳбари аъзами Эрон оятуллоҳ Алии Хоманеӣ ҳозир шуд ва ба дунболи ин сару садоҳое пахш шуданд, ки дар вазъи сангини фишори байнулмилалӣ ба Эрон мақомот ӯро афв кардаанд. Як рӯз баъд аз ин нишаст Рафсанҷонӣ хостори баргузории интихоботи озоду шаффоф шуд ва эълом дошт, ки фақат ба ин васила метавона муӯғшкилоти кишварро ҳал кард. Дар акси ҳол, ҳушдор дод ӯ, Эрон ба вазъи сангинтар гирифтор хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG