Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: ИМА аз Либия пуштибонӣ хоҳад кард


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки Вошингтон омода аст аз Либия дар мубориза бо ҷангҷӯён пуштибонӣ кунад.

Дар арафаи иҷлосияи навбатии Маҷмаи кулли СММ, ки имрӯз дар Ню-Йорк ифтитоҳ мешавад, хонум Клинтон бо раиси парлумони Либия Муҳаммад ал-Маъариф мулоқот кард. Ҳилларӣ Клинтон таъкид намуд, ки бо вуҷуди ҳамла ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозӣ, Вошингтон аз ҳампаймонҳои Либия боқӣ мемонад.

Ал-Маъариф барои ҳамлаи рӯзи 11 сентябр ба консулгарии Амрико, ки дар он сафири ИМА Кристофер Стивенс ва се амрикоии дигар кушта шуданд, маъзарат хост.

Ба гуфтаи як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико, хонум Клинтон хостори афзоиши кӯмаки ИМА ба Либия дар мубориза бо гурӯҳҳои ғайриқонунии низомӣ ва дар бахши таъмини назорат аз болои силоҳи кимиёвӣ ва дигар навъҳои аслиҳа шудааст.
XS
SM
MD
LG