Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимӣ: Низоъ дар Сурия ба зудӣ хатм нахоҳад шуд


Фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб дар умури Сурия Ахзар Иброҳимӣ изҳор намуд, ки низоъ миёни ҳукумати Сурия ва мухолифин ба зудӣ хатм нахоҳад шуд.

Изҳороти ӯ дар мулоқот бо хабарнигорон ба думболи суханронияш дар Шӯрои амнияти СММ пахш шуд – Иброҳимӣ аъзои Шӯроро бо сафари ахираш ба Сурия ва музокироташ бо раҳбарони кишвар, аз ҷумла, раисиҷумҳур Башор Асад ошно кард.

Ба гуфтаи дипломат, дар ҷараёни сӯҳбатҳо ӯ ба зарурати тағйирот дар Сурия таъкид кард, ҳарчанд иқрор намуд, ки айни ҳол худи ӯ ягон тарҳи муассири берунрафт аз ин “бунбаст”-ро зери даст надорад.

Ахзар Иброҳимӣ гуфт, ки "ман бовар надорам, ки одамони оқил нафаҳманд – бозгашти Сурия ба гузашта номумкин аст. Ба ҳамаи онҳое, ки дар Димишқ ва дигар ҷойҳо мулоқот доштам, ман гуфтам – акнун фақат ислоҳот кофӣ нест, балки тағйироти воқеӣ зарур аст".

Дар мулоқот бо Ахзар Иброҳимӣ раҳбарони Сурия бори дигар низоъро натиҷаи “тавтеъаи беруна” хонда гуфтаанд, ки айни ҳол дар кишвар тақрибан панҷ ҳазор зархаридони хориҷӣ амал мекунанд.
XS
SM
MD
LG