Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, ваксинаҳои олуда аз онҳо нест


Денис Колбасов, мудири Пажӯҳишгоҳи Байторӣ ва Микробиологияи Русия мегӯяд, ваксина алайҳи бемории гулафшон, ки ҳазорон гусфанд дар Узбакистону Қирғизистонро кушт, дар ин пажӯҳишгоҳ тавлид нашудааст. Денис Колбасов афзуд, ки муассисаи онҳо ингуна ваксина ба Ӯзбакистону Қирғизистон нафиристодаанд ва аз он намунаҳои ин ваксина бармеояд, ки онҳо тақаллубӣ будаанд. Мақомоти Ӯзбакистон пештар гуфтанд, ки таҳқиқи қазияи марги ҳазорон гӯсфанд пардохтаанд, ки ба гуфтаи мақомот, баъди гирифтани ваксинаи олуда бар зидди бемории нағзак ва ё гулафшон ҳалок шудаанд. Кишоварзону мақомоти Ӯзбакистон мегӯянд, дар вилоятҳои Самарқанд, Қашқадарё ва Ҷиззах ҳазорон гӯсфанд талаф ёфтааст. Айни ҳодиса дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон мушоҳида шудааст, ки дар онҷо 1700 гӯсфанд баъди гирифтани ваксинаи шабеҳ мурдаанд. Ба гуфтаи фарде, ки ин ваксинаро фурӯхтааст, дар бастаи ваксина исми Пажӯҳишгоҳи Байторӣ ва Микробиологияи Русия навишта шуда буд.
XS
SM
MD
LG