Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми раиси АФК: "Истиқлол" дастаи "Дордой"-ро шикаст дод


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар дидор бо футболбозони "Дордой"-и Бишкек бо ҳисоби 2 бар сифр пирӯзӣ ба даст овард.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе (Тоҷикистон) дар ҷараёни сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК дар Душанбе бо дастаи "Дордой"-и Бишкек (Қирғизистон) дидор ва бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Голи аввали дастаи "Истиқлол"-ро дар дақиқаи 39-уми бозӣ Даврон Эргашев бо сар вориди дарвозаи ҳарифон кард ва ба ин тартиб роҳро барои пирӯзии дастааш боз намуд. Голи дувуми дастаро бошад, Маҳмадалӣ Содиқов дар нимаи дувуми бозӣ, дақиқаи 60-ум, ба ҳадаф расонд ва ҳисобро афзун кард.

Ин бозиро, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 5 ҳазор мухлисони футбол тамошо кардаанд.

Дастаҳо бо ин ҳайат ба майдон омаданд:

"Истиқлол" (Тоҷикистон): 1. Алишер Тӯйчиев, 3. Соҳиб Сувонқулов, 4. Эраҷ Раҷабов, 5. Маҳмадалӣ Содиқов, 6. Давронҷон Эргашев, 9. Нуриддин Давронов, 10. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 12. Юсуф Рабиев, 13. Александр Кудряшов, 17. Дилшод Восиев (капитан), 25. Фарҳод Тоҳиров.

"Дордой" (Қирғизистон): 30. Павел Матияш, 2. Валерий Кичин, 4. Руслан Содиқов, 9. Азамат Бойматов, 11. Ислом Шамшиев, 13. Даврон Аскаров, 17. Даниэл Тэго, 18. Вадим Харченко, 20. Андерсон Уилям Франко Де Соуза, 22. Фаррух Абитов, 27. Клод Ернест Кум Мака.

Сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012, ки имрӯз, 24-уми сентябр, оғоз ёфт, то 30-юми ҳамин моҳ дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ идома хоҳад ёфт.

Тақвими мусобиқот:

Даври 1-ум
24-уми сентябр (душанбе)
16.00 – «Дордой» – «Истиқлол» - 0:1
19.00 – «Тайван Пауэр Компани» – «Ал-Аммарӣ»

Даври 2-юм
26-уми сентябр (чоршанбе)
16.00 – «КРЛ» – «Тайван Пауэр Компани»
19.00 – «Пномпен Краун» – «Дордой»

Даври 3-юм
28-уми сентябр (ҷумъа)
16.00 – «Ал-Аммарӣ» – «КРЛ»
19.00 – «Истиқлол» – «Пномпен Краун»

Финал
30-юми сентябр (якшанбе)
19.00 – Ғолиби гурӯҳи «В» - Ғолиби гурӯҳи «А»

Бар асоси регламент ё дастури мусобиқот ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Ба дастаи ғолиби Ҷоми раиси АФК 50 ҳазор доллари амрикоӣ, ба дастаи дар финал мағлубшуда 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Тими «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, порсол ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфта буд, вале дар марҳилаи ҳалкунанда дар Тайван аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдӣ баромада натавонист.

Дастаи «Тайван Пауэр Компани», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ бар тими «Пномпен»-и Камбоҷа бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, барандаи феълии Ҷоми раиси AFC маҳсуб мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG