Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коммунистҳо бо номзади худ вориди рақобат мешаванд


Ҳизби Комунисти Тоҷикистон бо номзади худ дар интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар дар соли 2013 рақобат хоҳад кард. Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ рӯзи душанбе 24-уми сентябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳақиқат коммунистҳо дар интихоботи соли оянда номзади худро пешбарӣ хоҳанд кард ва инро зарур мешуморанд. Шодӣ Шабдолов афзуд, ки феълан ба хотири амнияти номзад, аз овардани ному насаби он худдорӣ мекунанд ва танҳо дар анҷумани ҷамъбастии ҳизб даро охирҳои соли равон, тамоми маълумот дар бораи номзади худро ошкор хоҳанд кард. Дар интихоботи гузаштаи президентӣ дар соли дар ноябри соли 2006, Талбак Исмоилов, вакили мардумӣ яке аз рақибони Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар ҳоли ҳозир танҳо ҳизби ҳокими халқӣ -демократӣ номзади худро пешбарӣ кардааст. Ҳизбҳои дигари сиёсии Тоҷикистон аз ҷумла ҲНИТ, ҲУСД низ изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар интихоботи президентӣ дар соли оянда бо номзадҳои худ вориди мубориза хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG