Пайвандҳои дастрасӣ

OSCE интихоботи Белорусро ғайридемократӣ хонд


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, ки интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе дар Ҷумҳурии Белорус шаффофу одилона сурат нагирифт. Нозирони созмон рӯзи душанбе эълом карданд, ки маъракаҳои интихобот аз ҳамон аввал “бидуни рақобат” буданд. Дар интихобот ҳеҷ яке аз намояндагони аҳзоби мухолифи давлат ба порлумони Белорус роҳ наёфтанд. Антонио Милошоски, раиси нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Белорус гуфт, номустақил ва яктарафа будани кумиссиёнҳои интихоботӣ, эътимоди ҷомеа ба интихоботро аз байн бурдааст. Ба гуфтаи мақомот дар интихобот андаке бештар аз 74 дар сади мардум ширкат карданд, вале мухолифони давлат мегӯянд, теъдоди раъйдиҳандагон бисёр кам будааст.
XS
SM
MD
LG