Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи сабабҳои марги як зиндонии тоҷик


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ба таҳқиқи марги як зиндоние шурӯъ карданд, ки ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латукӯби бераҳмонаи зиндонбонҳо кушта шудааст. Баҳром Абдулҳақов, муовини аввали раиси Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, кумиссиёни махсусе барои маълум кардани сабабҳои аслии марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами 1 таъсис дода шудааст. Сокини ноҳияи Ҳисор, Ҳамза Икромзодаи 27-сола рӯзи 20 сентябр дар зиндон даргузашт ва хешовандонаш мегӯянд, ки дар бадани ӯ осори зарбу лат ва шиканҷаи зиёд, аз ҷумла пайи дарзмоли доғ мушоҳида мешуд.
XS
SM
MD
LG