Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми додгоҳи Покистон дар мавриди Ришма Масеҳ


Додгоҳи Покистон амр додааст, духтари наврасеро, ки ба беҳурматӣ нисбат ба китоби Қуръон муттаҳам мешавад, ҳамчун фарди ноболиғ муҳокима кунанд. Римша Масеҳ 14 сол дошта, вале аз назари зеҳнӣ ақибмонда будааст. Ин духтари насрониро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯё саҳифаҳои Қуръонро оташ задааст, вале ба гуфтаи пулис ҳеҷ шоҳиду далеле дар ин замина вуҷуд надорад. Айни замон муллои ҳамон маҳал Холид Ҷодун Хиштиро ба он муттаҳам мекунанд, ки варақҳои Қуръонро пора карда ва ба сумкаи Римша Масеҳ гузоштааст. Ҳамин мулло иддаъо дорад, ки ин духтари насронӣ, ба китоби Қуръон беэҳтиромӣ кардааст. Дар сурати собит шудани гуноҳ, додгоҳ метавонад, Римша Масеҳро то ба 7 соли таҳаммул дар зиндон маҳкум кунад. Барои афроди болиғ барои ингуна ҷиноят ҳабси абад муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG