Пайвандҳои дастрасӣ

Серик Аҳмадов нахуствазири Қазоқистон шуд


Вакилони порлумони Қазоқистон номзадии Серик Аҳмадовро ба мақоми нахуствазир пазируфтанд ва қарори таъйини ӯ ба ин мақом низ билофосила аз тарафи раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев имзо шуд. Чанд соат пештар аз ин Нурсултон Назарбоев, дар идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумат, Серик Аҳмадов, муовини аввали нахуствазирро, ба мақоми нахуствазир пешниҳод кард. Субҳи рӯзи душанбе Карим Масимов, нахуствазири деринаи Қазоқистон бо тамоми аъзои ҳукумат истеъфо дод ва худаш раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳур таъйин шуд. Серик Аҳмадови 54-сола, ки моҳи январ муовини аввали нахуствазир шуд, муҳандис аст ва дар гузашта дар мақомҳои раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва вазири нақлиёту мухобирот кор кардааст.
XS
SM
MD
LG