Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини "гумшуда"-и Ашт дар боздоштгоҳи Тошканд будааст


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки охири моҳи август аз сӯи марзбонҳои узбак боздошт шуда буд, дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти Узбакистон будааст.

Пайвандони Ҳайдаралӣ Юлдошев, як сокини ноҳияи Ашт, ки рӯзи 29-уми августи соли ҷорӣ аз тарафи марзбонҳои узбак боздошт шуда буд, дар бораи дар куҷо нигаҳдорӣ шудани ӯ огоҳӣ ёфтаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон мехост, гузаргоҳии марзии Ойбекро убур карда, ба Узбакистон биравад, аммо марзбонҳои монеи ӯ шуданд.

Алишер Юдошев, писари Ҳайдаралӣ, рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як вакили мудофеъ аз Узбакистон, ки бо хоҳиши онҳо ба ҷустуҷӯи падарашон машғул буд, ахиран дар гузаргоҳи марзӣ бо онҳо мулоқот карда, гуфтааст, “Ҳайдаралӣ Юлдошев дар шаҳри Тошканд, дар боздотштгоҳи хадамоти амнияти миллии Узбакистон (СНБ), нигаҳдорӣ мешавад.”

“Адвокат (вакили мудофеъ) гуфт, рӯзи ҷумъаи 21-уми сентябр баъд аз ҷустуҷӯҳо дақиқ кардаанд, ки падарам дар боздоштгоҳи СНБ дар боздошт ҳастанд. Мақомоти дахлдори Узбакистон инро тасдиқ карда, аммо ба вакили дифоъ иҷозат надодаанд, ки бо ӯ дидор намояд. Барои ҳамин, намедонем, ки аҳволи падарам дар боздошт чӣ гуна аст”,- афзуд Алишер.

Вакили мудофеъ гуфтааст, барои мулоқот бо зерҳимояи тоҷикаш ҳама талошро ба харҷ хоҳад дод. Мо хостем, бо адвокат ё вакили мудофеи Ҳайдаралӣ Юлдошев дар Узбакистон тамос гирифта, ҳақиқати ҳолро аз ӯ бипурсем. Вале Алишер гуфт, ному насаб ва рақами телефони вакили дифоъро танҳо баъд аз гирифтани розигии ӯ ба мо хоҳад гуфт. Зеро ба қавли Алишер, дар ҳоли ҳозир ин вакили мудофеъ танҳо умеди онҳост ва намехоҳанд "ӯро аз даст диҳанд".

Ёдрас мешавем, дар охирҳои моҳи августи соли ҷорӣ писари Ҳайдаралӣ Юлдошев, сокини шаҳраки Марҳамати ноҳияи Ашт, ба дафтари радиои Озодӣ дар Хуҷанд занг зада, гуфта буд, ки падараш рӯзи 29-уми август дар гузаргоҳи Ойбеки Узбакистон, канори ноҳияи Масчо, аз ҷониби сарҳадбонҳои узбак боздошт шуда, дигар тамос бо вай қатъ шудааст. Ҳайдаралӣ Юлдошев барои мардикорӣ роҳ сӯи шаҳри Челябинск пеш гирифта буд ва мехост аз тариқи Узбакистон ба он ҷо биравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG