Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳо бар зидди шаллоқ задани як духтари афғон


Ҳамоиши эътирозии донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул ба ҳодисаи шаллоқ задани як духтар дар Ғазнӣ

Ҳамоиши эътирозии донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул ба ҳодисаи шаллоқ задани як духтар дар Ғазнӣ

Шаллоқ задани як духтари навҷавон барои гӯиё робитаи номашрӯъ мавриди баҳси ҷомеаи Афғонистон қарор дорад.

Ҳайати идории парлумони Афғонистон аз ҳукумати ин кишвар хост, ки омилони шаллоқ задани як духтари навҷавон дар Ғазниро мавриди пайгард қарор диҳад.

Фарҳод Азимӣ, муншии дувуми Вулуси Ҷирга дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баргузории маҳкама (суд)-ҳои ғайриқонунӣ аз сӯи афроди ғайримасъул барои онҳо ғайри қобили таҳаммул аст: "Чанд нафаре бармехезад бино ба афкори мардуд ва пӯсида духтареро шаллоқ мезананд, ки то ба ҳол маълум нест, ин ҷурмро анҷом дода ё надода. Ҳукумати Афғонистон дар ин қисмат набояд хомӯш нишинад ва касонеро, ки ин амалро муртакиб шудаанд, ба панҷаи қонун бисупорад."

Гузоришҳо аз вилояти Ғазнӣ бар ин аст, ки ахиран ин духтари навҷавон аз сӯи бошандагони маҳал дар вулусволии Ҷоғурӣ шаллоқ зада шудааст. Бар асоси гузоришҳо, ҷурми ин духтар доштани робитаи номашрӯи ҷинсӣ бо як писар будааст.

Бархе аз расонаҳо гуфтаанд, ин кор бино бар дастури шуморе аз рӯҳониёни маҳал сурат гирифтааст. Гуфта шудааст, писарро ба пардохти 80 ҳазор афғонӣ ҷарима маҳкум карданду духтарро даҳҳо шаллоқ заданд.

Шаллоқ задани ин духтари навҷавон дар маҳзари умум шуморе аз ниҳодҳои дифоъ аз ҳуқуқи башарро нигарон кардааст. Бархе аз мудофеони ҳуқуқи башар инро "маҳкамаи саҳроӣ" хонданд.

Пеш аз ин низ, ҳодисаҳои назири ҳодисаи Ғазнӣ иттифоқ афтодаанд. Чанд моҳ пеш дар матбуот хабарҳо аз тирборон шудани як зан дар вилояти Парвон пахш шуда буд. Мақомҳои вилояти Парвон гуфтанд, Толибон ин занро ба иттиҳоми доштани робита бо як мард дар маҳзари умум, тирборон карданд.

Дар ҳамин ҳол созмони Amnesty International ё Афви Байналмилалӣ низ ҳодисаи шаллоқ задани ин духтари ҷавон дар Ғазниро маҳкум кард. Ҳурия Мусаддиқ, гузоришгари ин ниҳод зимни маҳкумияти ин амалкард, аз ҳукумати Афғонистон хост, то монеи ин раванд шавад.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG