Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукуматҳо озодии баён дар Интернетро "таъқиб мекунанд"


Freedom House ё Хонаи Озодӣ поёнтарин баҳои озодии баён дар Интернетро ба Эрону Куба ва Чину Сурия додааст.

Ҳамла ба озодиии Интернет дар саросари ҷаҳон дар ҳоли афзоиш буда, давлатҳои таъқибгар дар ин амр рӯз то рӯз аз васоили мураккабтар истифода мебаранд. Чунин аст хулосаи асосии гузориши солонаи “Озодӣ дар Интернет 2012”, ки созмони амрикоии Хонаи Озодӣ ё Freedom House рӯзи 24-уми сентябр нашр кард.

Санҷа Келлӣ, раҳбари таҳқиқоти нави Хонаи Озодӣ мегӯяд, давлатҳои таъқибгар акнун бар иловаи шеваҳои “суннатӣ”-е, чун филтр ё масдуд кардани матолиби нохушоянд ё ба зиндон кашондани фаъолони маъруфи Интернет, ба шеваҳои навтари таъқибу фишор даст мезананд. Хонум Келлӣ аз ҷумла афзоиши мавридҳои “дасткории фаъолонаи мӯҳтавои матолиби Интернет ва назорати ғайриқонунӣ”-ро таъкид мекунад. Аз 47 кишвари таҳқиқшуда чаҳорякаш блогнависони маошхӯрро барои беобрӯ кардани мухолифин, нашри иттилооти дурӯғ ва ҳимоят аз хатти машши давлатҳо истифода мебурдаанд. Хонаи Озодӣ мегӯяд, Русияву Чин дар ин авохир истифода аз чунин шеваро кам карданд, вале Беларусу Украинаву Эрон ва кишварҳои дигар -баръакс.

Гузориш мегӯяд, ҳамлаҳои сайберӣ ба мунтақидони давлатҳо ва масхараву беобрӯ кардани фаъолони Интернет хеле фарогиртар шуда, аз Бирма то Баҳрайн, аз Қазоқистон то Сурия ва аз Зимбабве то Узбакистон - ҳама давлатҳо аз ин роҳу шева кор мегиранд. “Озодӣ дар Интернет 2012” аз нақшаи эҳтимолии ҳизби ҳокими Русияи воҳиди раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин ҳам ёдовар шуда, ки бино ба гузоришҳои матбуоти Русия, барои хунсо кардани блогнависи мухолиф Алексей Навалний гӯиё 300 000 доллар ҷудо кардааст.

Санҷа Келлӣ мегӯяд, ҳарчанд Интернет дар Русия як муҳити нисбатан озодтар шинохта мешуд, мақомоти ин кишвар дар посух ба мавҷи ахири эътирозҳо, ки аксараш тавассути Интернет даъват мешуд, ҳамлаҳо ба ин шабакаро афзоиш дода, фаъолонро аз паёмадҳои нашри матлабҳои интиқодӣ дар Интернет тарс медиҳанд. Хонаи Озодӣ маҳдудиятҳои эъмолшуда дар роҳи ҳифзи сирри ҳуввият дар Қазоқистону Сурия ва Арабистони Саудиро аз шеваҳои дигари тақвияти назорат бар Интернет ном бурда, меафзояд, аз 47 кишвари мавриди таҳқиқ қариб нисфаш дар ин муддат қонунҳое тасвиб кардаанд, ки озодии баён дар Интернетро маҳдудтар мекунад.

Гузориш ҳамчунин аз афзоиши мавридҳои ҳамлаҳои ҷисмонӣ ва ҳатто ҳалокати блогнависону журналистони интернетӣ сар карда аз Осиёи Марказӣ то ба Ховари Миёна изҳори нигаронӣ кардааст. Ба сурати умум, Хонаи Озодӣ поёнтарин баҳои озодии баён дар Интернетро ба Эрону Куба ва Чину Сурия дода, кишварҳое, чун Узбакистону Беларус ва Покистон дар радифи давлатҳои “ноозод” ҷо гирифтаанд. Озарбойҷону Русия дар байни кишварҳоеянд, ки вазъи озодиашон дар Интернет шояд дар моҳҳои наздик бадтар шавад. Бо ин ҳол, Freedom House Эстония ва Амрикову Олмонро кишварҳои дар Интернет озодтарин ном бурдааст.

Тоҷикистон дар гузориши солонаи Freedom House арзёбӣ нашудааст, вале ба бовари таҳлилгарон, бо он силсилаи “сайтбандон”-е, ки дар соли 2011-ум ва соли ҷорӣ аз сӯи Хадамоти алоқа ва раисаш Бег Зуҳуров алайҳи торнамоҳо мушоҳида шуд, Душанбе ба эҳтимоли ғолиб дар шумори давлатҳои таъқибгар қарор мегирифт.

Хадамоти алоқа танҳо баъд аз оғози нооромиҳои Бадахшон барои қариб ду моҳ сайти “Азия-Плюс”-ро масдуд кард. Дар он рӯзҳо дастрасӣ ба сомонаҳои “Озодагон” ва Би-Би-Сӣ низ дар Тоҷикистон маҳдуд шуда буд. Дар моҳи сентябр “Тоҷнюс” низ аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонааш дар сегменти Тоҷнет изҳори нигаронӣ кард. Бег Зуҳуров ҳамин тавр, ду моҳ пеш аз азмаш барои таъсиси як гурӯҳи вижа хабар дода буд, ки мебоист дар Интернет шарҳнависони беимзо ва мунтақидро “шикор” мекарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG