Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози марҳилаи дуввуми моякӯбӣ аз бемории дифтерия


Дар Тоҷикистон имрӯз марҳилаи дуввуми ваксинзанӣ алайҳи бемории дифтерия ва ё гулузиндонак шуруъ шуд, ки то рӯзи 29 сентябр идома мекунад. Қарор аст, дар ин муддат ду миллиону панҷсад ҳазор нафар барои эмин мондан аз ин бемории хатарнок ваксин бигиранд. Марҳилаи аввали ваксинзанӣ моҳи апрел сурат гирифта буд. Агарчӣ дар Тоҷикистон аз соли 2002 то соли 2006 тақрибан 50 мавриди сирояти гулӯзиндонак сабт шудааст, аммо ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, тақрибан 60 дар сади аҳолии кишвар дар баробари ин беморӣ осебпазиранд. Гулузиндонак, бемори сироятиест, ки дар сурати таъхир дар дармони он, қалбу системаи асаби инсонро аз кор меандозад ва сабаби марг мешавад.
XS
SM
MD
LG